Чӣ гуна дар тамоми ҷаҳон одамон зидди COVID-19 эм карда мешаванд - акс

Sputnik

Одамоне, ки вояи (доза) деринтизорро гирифтаанд, чӣ эҳсосотро аз сар мегузаронанд, гузориши аксии моро нигаред.

Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон кай сар мешавад: посухи Вазорати тандурустӣ

Нахустин ваксинаи зидди конавирус дар ҷаҳон дар Русия ба қайд гирифта шуд. 

Вазорати тандурустии Русия дар моҳи август аввалин ваксина бар зидди COVID-19-ро ба қайд гирифт. Ин ваксина “Спутник V” ном гирифт. Бартарии ин ваксина комилан барои инсон безарару самаранок будааст ва дар давоми тӯлонӣ оқибатҳои ногувор надоштааст.

Сафҳаи Твиттери ваксина қаблан хабар дода буд, ки "Sputnik V" комилан бехатар ва беш аз 90% барои гурӯҳи синнусоли 60+ самаранок нишон дода шудааст.

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аллакай зиёда аз 84,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 1,8 миллион нафарашон фавтидаанд.

Иёлоти Муттаҳида дар шумораи парвандаҳои тасдиқшуда пешсаф аст.

1 / 13
Навбат барои эмгузаронии COVID-19 дар Флоридаи ИМА
2 / 13
Зане дар Париж ваксинаи коронавирус мегирад.
3 / 13
Зани 79-солаи испанӣ, ки дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад, ваксинаи Pfizer / BioNTech мегирад.
4 / 13
Суратҳо дар назди шиша бо навиштаҷоти "ваксинаи COVID-19". Париж.
5 / 13
Дар маркази эмгузаронӣ дар Пекин, Чин.
6 / 13
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон эмгузарониро ҳангоми боздид аз беморхонаи Чейз Фарм дар шимоли Лондон назорат мекунад.
7 / 13
Маркази эмгузаронӣ дар Тел-Авив, Исроил.
8 / 13
Эмгирии марде зидди коронавирус дар Дубай
9 / 13
Эмкунӣ алайҳи COVID-19 барои одамони аз 60-сола боло дар Маскав. Навбатпоӣ
10 / 13
Эмкунӣ бо ваксинаи русии Sputnik V дар Буэнос-Айреси Аргентина.
11 / 13
Доктор Ҷованни Ди Перри дар беморхонаи Амедео ди Савоя дар Турини Италия эм карда мешавад.
12 / 13
Навбат дар маркази эмгузаронии Берлин.
13 / 13