Се шаҳрванди Тоҷикистон - падару ду писар аз ҳукумати Литва паноҳандагӣ хостанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон, падар ва ду писараш, ғайриқонунӣ марзи Белорус ва Литваро убур карда, аз Литва паноҳандагӣ хостаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Се шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убури марзи Белорус ва Литва боздошт шуданд, хабар медиҳад Sputnik Литва.

Шаҳвандони Тоҷикистон, ки марзи Белорусро ғайриқонунӣ убур кардаанд, аз ҷониби сарҳадбонони Литва дар минтақаи Шалчининкай боздошт шуданд.

"Ин ҳодиса дар авоили ҳафта дар наздикии рустои Аладишкес, ноҳияи Варенский рух додааст. Марзбонон мушоҳида карданд, ки чӣ гуна се нафар аз давлати ҳамсоя дар минтақаи ҷангал ба марз бо Литва расиданд, онро убур карданд ва ба дохили кишвар равон шуданд", - гуфтанд Хадамоти давлатии марзбонии Литва.

Гумонбарон боздошт шуданд, онҳо мард ва ду наврасе буданд, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон мегуфтанд.

Боздошт ва ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Литва бо 86 мошини "дуздӣ"

Мард гуфт, ки наврасон писарони ӯ ҳастанд. Ҳар се нусхаи шиносномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод карданд.

Мошинҳоеро, ки Интерпол мекофт, ба Тоҷикистон интиқол доданӣ буданд

Боздоштшудагон хоҳиш кардаанд, ки дар Литва ба онҳо паноҳандагӣ дода шавад.

Онҳо дар шӯъбаи махсус барои паноҳҷӯён ҷойгир карда шуданд. Дархости тоҷиконро мақомоти Литва тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ мекунанд.