Обама гуфт эътирозҳои ахир дар Капитолия "беобрӯии бузург" барои Амрико аст

Собиқ кишвардори Амрико, Барак Обама дар нооромиҳои ахири ин кишвар президенти феълӣ, Доналд Трампро муттаҳам намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Барак Обама, собиқ раисҷумҳури Амрико, нооромиҳои ахири ин кишварро шарҳ дод. Ӯ дар сар задани эътирозҳо ва забти Капитолия, президенти феълӣ Доналд Трампро муттаҳам мекунад.

Амрико дар арафаи инқилоб: тарафдорони Трамп Капитолияро муҳосира карданд

Обама дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки руйдодҳои ахир абадан дар таърих ин кишвар сабт мешаванд ва он "беобрӯии бузург" барои Амрико аст.

Гирдиҳамоии тарафдорони Трамп дар Амрико

"Таърих ба таври возеҳ ваҳшонияти имрӯзаи Капитолияро абадан сабт мекунад, ки барангезандаи он президенти амалкунанда мебошад. Ӯ ки дар робита ба натоиҷи интихоботи қонунӣ, беасос дурӯғ гуфтанро идома медод, барои миллати мо бешармиву беобрӯӣ овард", - навиштааст Барак Обама.

Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида қайд кард, ки ҳамзамон ин ҳодисаро чизи ғайричашмдошт намешуморад.

"Дар тӯли ду моҳи охир, ҳизби сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи он, аксар вақт намехостанд ба шунавандагон ва хонандагон ҳақиқатро бигӯянд - ин интихоботҳои баҳсталаб набуданд ва президенти тозаинтихоб Ҷо Байден бояд рӯзи 20 январ расман савганд ёд кунад", - изҳор дошт ӯ.

Тасвире, ки расонаҳои наздик ба ҷумҳурихоҳон онро барои хонандагони худ тавсиф кардаанд, Обама "ривояти тахайюлӣ" ва тасвири дур аз воқеият номидааст.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи дирӯз ҷонибдорони Доналд Трамп Капитолияро муҳосира карданд ва ҷаласае, ки интихоботи ниҳоиро бояд эълом мекард, лағв намуданд.

Дар ниҳоят Байден пирӯз шуд: чаро Трамп реванш пешниҳод накард

Бар асоси хабарҳои ахир, дар натиҷаи нооромиҳо дар Капитолия дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расида, чандин тани дигар захм бардоштанд.

Раиси шаҳри Вашингтон, дирӯз соати коммендантӣ барои як шабонарӯз эълон кард, аммо имрӯз онро то 15 рӯзи дигар тамдид кард.