Фавти 4 нафар ва тамдиди вазъи изтирорӣ дар Амрико - навор

Амрико боз дар гирдоби ноамниҳо ғута зад. Гузориши кутоҳ аз вазъи нохуби ин кишварро дар навори омоданамуда тамошо кунед
Sputnik

Иёлоти Муттаҳида бори дигар нооромиҳоро барангехт: ҳангоми тасдиқи натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс, шаҳрвандони норозӣ ба бинои Капитолия ворид шуданд.

Обама гуфт эътирозҳои ахир дар Капитолия "беобрӯии бузург" барои Амрико аст

Тарафдорони Трамп, мутмаин буданд, ки интихобот дар кишварашон одилона набуд, аз пикети осоишта, аввал ба задухӯрд бо полис ва сипас ба бинои Конгресс ҳамла карданд.

Амрико дар арафаи инқилоб: тарафдорони Трамп Капитолияро муҳосира карданд

Танҳо ба Гвардияи миллии ИМА муяссар шуд, ки тазоҳуркунандагонро пеш кунад.

Аммо даҳони кишвардори феъли Доналд Трампро боз бастанд. Сафҳаҳои ӯро дар Facebook, YouTube, Instagram ва Twitter бастанд. Ҳамзамон суратҳисобҳои ӯро низ бастанд.