ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шоми 5 январ дар Осиёи Марказӣ дар низоми ягонаи энергетикӣ садамаи ҷиддӣ рух дод, ки ба сабаби он баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бебарқ монданд.
Дар Қазоқистон шаҳри Алмаато ва вилояти Алмаато бебарқ монданд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.
Гуфта шудааст, ки дар се хати баландшидддати интиқоли барқи 500 кВ садама рух додааст. Гурӯҳи махсуси таъмирӣ фавран ба ҷои ҳодиса равон шуданд ва ба корҳои таъмирӣ шурӯъ кардан.
Дар натиҷа интиқоли қувваи барқ то соати 19:40 ба вақти маҳаллӣ барқарор карда шуд.
Як қисми Бишкек низ бебарқ монд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон. Сабаби аслӣ ин эҳтимоли садама дар низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ эълон карда шуд.
“Ба сабаби садама дар низоми энергетикии Ӯзбекистон, низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз низоми энергетикии Қазоқистон канда шуд. Бо назардошти ин, низоми автоматии барқароршавии барқ аъол шуд, аммо новобаста аз ин баъзе муштариён бидуни барқ монданд", - хабар додааст “Северэлектро”.
Намояндагони ширкат ваъда доданд, ки дар замони кӯтоҳ интиқоли барқро барқарор хоҳанд кард.
Дар Тошканд маҳдудияти кӯтоҳмуҳлати барқ мушоҳида шуд ва баъзе минтақаҳои вилояти Самарқанд низ бебарқ монданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика, режими кори МБГ-и Тахиатош, Тошканд ва Турақурғон пурра барқарор карда шудааст. Корҳои барқарорсозӣ дар МГБ-и Талимарҷон идома доранд.
Дар бораи вазъи бебарқӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол маълумоте нест.