Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Дастаи футболи “Олой”-и Ош ахиран эълон кард, ки бо сармураббии нав шартнома ба имзо расонидааст. Сармураббии нави ин даста дастпарвари футболи тоҷик будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Нуъмонҷон Юсупов бо футболи “Олой”-и Ош шартномаи яксола бастааст, иттилоъ додааст сомонаи расмии дастаи фулболи “Олой”.

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

Маросими имзои қарордод, рӯзи 5 январ дар варзишгоҳи марказии Ош ба номи Суюмбоев сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки “Олой” дастаи футболи шаҳри Ош  мебошад.

Ин даста соли 1960 бо номи “Ош” таъсис ёфта, ҳоло дар Лигаи олии Қирғизистон бозӣ мекунад.

Ин даста яке аз қадимтарин ва серҷоизатарин дастаҳои футболи Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дастаи мазкур қаҳрамони 4-каратаи Қирғизистон (2013, 2015, 2016 ва 2017), барандаи Ҷом (2013) ва Суперҷоми мамлакат  (2017 ва 2018) мебошад.

Ёдрас мешавем, Нуъмонҷон Юсупов солҳои 1991-1997 дар Дастаи футболи “Ситора”-и (Душанбе) бозӣ мекард. Ӯ дар солҳои 1993, 1994 Қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Соли 1993  Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон. Дар солҳои 1999-2003 ба ҳайси мураббии кӯдакон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2018-2019 сармураббии дастаи футболи Хуҷанд буд ва соли 2020 ба ҳайси  сармураббии мактаби футболи “Спартак”-и наврасон (Пенза, Русия) кор карда буд.

Ҳамаи хабарҳоДар ТоҷикистонНавигариҳои варзиши ТоҷикистонСармураббӣдастаОшҚирғизистонфутбол