ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ҳамарӯза рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта танҳо 5 ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи ин маризӣ, 13 305 нафар олудаи вируси COVID-19 гардиданд.
Аз ин миён аллакай 13 060 нафар ва ё 98,1 фисади мубталоён комилан шифо ёфта аз дармонгоҳҳои кишвар мураххас шуданд.
Зимнан, ба таври расмӣ 90 гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон қурбон шуданд.
28 нафар мариз шуданду 37 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, феълан 155 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.