ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меғ мефарояд, хабар медиҳал агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.