Кӯчаҳои холии Британия: сеюмин қарантини сартосарӣ эълон шуд - навор

Кӯчаву хиёбонҳои Британия ҳамакнун холӣ монданд, аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ баста шуданд, сеюмин қарантини сартосарӣ эълон шуд
Sputnik

Сар аз 5 - уми январ кӯчаҳои Британия холӣ монданд. Ин кишвар ба паҳншавии навъи нави COVID-19, ки нисбат ба шиддати мавҷуда хеле зудтар паҳн мешавад, чунин посух дод. Иёлот аллакай афзоиши рекордии ҳолатҳои COVID-19 - ро ба қайд гирифтааст.

Ҷонсон боз қарантини сартосарӣ эълон кард

Ҳамаи мактабҳои Бритония аллакай ба формати фосилавӣ гузаштанд. Аз 6 январ, ба истиснои сабабҳои узрнок, манъи хуруҷ аз хона эътибор пайдо мекунад.
Берун рафтан аз манзил барои сокинони ин сарзамин танҳо барои хариди доруворӣ ва ё маводи хӯрока, ашёи зарурӣ ва тамрин иҷозат ҳасту халос.

Дуэйн Ҷонсон бо хонаводааш бар вируси корона пирӯз шуданд

То ба ҳол, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки навъи нави коронавирус боиси марги бештар ё раванди шадиди беморӣ гардад.