Дақиқ шуд: парвозҳои мунтазам миёни Душанбе ва Тошканд аз март шурӯъ мешаванд

Равобити ҳавоӣ миёни Тошканд ва Душанбе аз моҳи март баста шуд ва то имрӯз ягон парвоз дар ин масир сурат нагирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Пас аз таваққуфи 9 моҳа ар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус  аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон  "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" сурат гирифт.

Чунучароҳои роҳҳои арзони ҳавоӣ ва касодии бозори ширкати тоҷикӣ

Ҳарчанд имрӯз, ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон 65 мусофирро ба Душанбе ва 100 сарнишини дигарро бо худ бурд, вале парвозҳо ҳанӯз мунтазам амалӣ намешаванд.

Мудири Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар ин робита изҳор доштааст, ки дар ин масъала байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Алҳол дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.