ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво шабона 27-32, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 4-6 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.