Кӯҳансолтарин сокини Замин 118-сола шуд

Зани ҷопонӣ Кейн Танака унвони кӯҳансолтарин сокини Заминро аз соли 2018 дорад. Қарор аст вай дар супурдани эстафетаи машъали олимпӣ дар Бозиҳои Токио ширкат варзад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 январ - Sputnik. Кӯҳансолтарин сокини Замин, зани ҷопонӣ Кейн Танака рӯзи 2 январ 118-солагии худро ҷашн гирифт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии NHK.

Куҳансолтарин марди сайёра далели дарозумрии худро йога ва издивоҷ накардан гуфт

Гуфта мешавад, Танака 2 январи соли 1903 таваллуд шудааст. Унвони қадимтарин шахси сайёра ба ӯ соли 2018 дода шуд.

Чанд моҳ пеш расонаҳо навишта буданд, ки қадимтарин сокини Замин дар моҳи майи соли 2021 бояд дар интиқоли эстафетаи машъали олимпӣ дар Бозиҳои Токио ширкат варзад.

Қарор аст, ки 11 май Танака бо аробачаи маъюбӣ 200 метрро бо машъал тай кунад.
Инчунин, зани ҷопонӣ мебоист дар эстафетаи соли 2020, ки бинобар пандемия боздошта шуда буд, ширкат варзад.

Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шаванд.

Санаи баргузории Бозиҳои олимпии Токио дақиқ шуд

Рекорди қаблии дарозумртарин барои Ҷопон Набӣ Тоҷиме буд, ки соли гузашта дар синни 117 солу 260 рӯз даргузашт.