ВКД охирон садамаи соли 2020-ро тавзеҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охирон садамаи нақлиётии соли 2020-ро, ки шаби 30 ба 31-уми декабри аллакай соли гузашта рух додааст, номбар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар ҳудуди роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст.

Гуфта мешавад, санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс" Гадоев Сайалишо Назаровичи 54-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт

"Мутаассифона ронанда худравро ба чуқурии 150-200-метра чаппа намудааст", - меафзояд корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.