Таҷлили соли нави 2021 новобаста аз пандемия дар ҷаҳон - акс

Sputnik

Имсол қариб дар сар то сари ҷаҳон чарабиниҳои оммавӣ бахшида ба соли нав лағв гардиданд.

Дар Тоҷикистон низ таҷлили оммавии соли нав дар бастагӣ бо пандемия дар мамнӯъ эълон шуд, вале сокинон дар манзилҳояшон омади соли навро пешвоз гирифтанд.

Тӯлонитар аз ҳама: Путин мардуми Русияро бо Соли нав шодбош гуфт

Дар Британияи Кабир, ки мутатсияи коронавирус ба қайд гирифта шуд, ҳамчунин ҳамагуна чорабиниҳо бахшида ба соли нав, лағв гашт, аммо касеро боздошта наметавонистанд, ки ин идро дар хона ҷашн гирад.

Дар Русия бори нахуст бо пешниҳоди раисҷумҳур 31-уми декабр рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Ҳамунин бо далели пандемия чорабиниҳо хело маҳудуд ташкил шуданд, аммо пойтахти кишвар ороставу пероста ба таҷлили соли нав омода гардид.

Президент тоҷикистониёнро бо Соли нав шодбош гуфт

Дар бораи он, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон соли навро новобаста аз пандемия чигуна таҷлил карданд, аз гузориши мо тамошо кунед.

1 / 21
Духтаре, ки Соли нави 2021-ро дар майдони яхмолакбозии Кӯли Сиёҳ дар Қазон ҷашн мегирад
2 / 21
Чорабинӣ бахшида ба таҷлили соли нави 2021 дар Сингапур
3 / 21
Духтаре бо гурбаҳояш таҷлили соли нави 2021-ро аз оина тамошо мекунад
4 / 21
Хайр соли 2020: дар Австралия соли навро таҷлил мекунанд
5 / 21
Британияи Кабир, ки дучори намуди нави коронавирус шудааст. Ду духтар дар интизори соли нав
6 / 21
"Авиашоу" бахшида ба Соли нави 2021 дар Бразилия
7 / 21
Мардум дар Ҳонконг Соли навро пешвоз мегиранд
8 / 21
Париж. Пулис дар шаби таҷлили соли нав тартиботи ҷамъиятиро назорат мебарад
9 / 21
Санкт- Петербург, гаштугузори мардум дар хиёбонҳо ҳангоми таҷлили соли нав
10 / 21
Ню-Йорк, овозхон Ҷенифер Лопес дар консерте бахшида бо Соли нав ҳунарнамоӣ мекунад
11 / 21
Таҷлили Соли нав дар Исландия
12 / 21
Ню-Йоркро бахшида ба таҷлили Соли нав ороставу пероста кардаанд
13 / 21
Белград, мардум ба таҷлили соли нав дар кӯчаҳо рехтанд
14 / 21
Фурӯшанда ҳангоми таҷлили соли нав
15 / 21
Ҷопон, пешвози шафақи Соли нав
16 / 21
Таҷлили Соли нав дар Ливан
17 / 21
Таҷлили Соли нав дар Африқои ҷанубӣ
18 / 21
Таҷлили Соли нав дар Кореяи шимолӣ
19 / 21
Полша дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ
20 / 21
Таҷлили Соли нав дар Ветнам
21 / 21
Чин, сокинон шафақи як рӯзи нави соли навро пешвоз мегиранд