Сергей Шойгу аз дастовардҳои артиши Русия дар соли 2020 гуфт - видео

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия натиҷаҳои соли 2020-ро дар соҳаи низомӣ ҷамъбаст кард
Sputnik

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар бораи корҳои дар соли 2020 анҷомёфта ҳисобот дод. Ба гуфтаи ӯ, артиш ва қуваҳои дарёии Русия тамоми вазифаҳои дарпешистодаро ба анҷом расониданд.

Барои Қрим месӯзад: НАТО орзу мекунад, ки артиши Русия баста шавад - навор

Дар соли 2020, низомиёни Русия беш аз 18 ҳазор санҷишу машқҳои низомӣ анҷом доданд.

Русия дорои пойгоҳи низомӣ дар шимол шуд ва тавоноии нирӯҳои дарёии ин кишвар низ ба таври ҷиддӣ боло бурда шуд.

Чӣ гуна артиши Русия бесарнишинони душманро нобуд месозад: навор

Таъминоти артиш бо силоҳи нав низ фаъолона идома дорад: гуфта шудааст, ки ҳиссаи силоҳи нав дар артиши Русия 70 дарсадро ташкил медиҳад.

Русия тасмим дорад дар ин росто корашро идома диҳад: таҷдиди артиш дар соли 2021 идома хоҳад ёфт.