Раҳмонзода туҳфаҳои президентро дар Ҳисор тақсим кард

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба табрики бошандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагонаи нобиноён ва сустбини шаҳри Ҳисор рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагонаи нобиноён ва сустбини шаҳри Ҳисор ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ  ҷамъомади идона доир гардида, аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба тарбиятгирандагон туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Салом Бобои Барфӣ: монандию фарқиятҳои бобои тоҷик аз дигарон

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ба саъми тарбиягирандагони муассиса салому пайғом ва муҳаббату таманниёти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ифтихори Соли нави мелодӣ расонидаст.

Ба иттилои “Ховар”, ёвари раисиҷумҳур иброз доштаст, ки  “Эмомалӣ Раҳмон шуморо фарзанди маънавии худ шуморида,  ниҳоят дӯстатон медоранд, пайваста дар пайи ғамхориятон  ҳастанд ва раисони шаҳру навоҳии кишварро доимо таъкид мекунанд, ки аз  рузгоратон  бохабар бошанд”.

Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки бошандагони мактаб-интернат хубу аъло хонда фарзандони содиқи ҳамин миллату  давлат мегарданд. Дар охир ҷамъомади тантанавиро  шеъру таронаҳои бачаҳои имконияташон маҳдуди мактаб-интернат шукуҳ бахшидааст.