Озар – гладиатори тоҷик, дӯсти Спартак, шаҳрванди Рим ва чеҳраи ношинохтаи таърих

Ду нусха аз китоби “Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак”, ривояти зиндагии пурмоҷарои як устои силоҳсози истаравшанӣ, ки дар шаҳри Торонтои Канада чоп шудааст, ба Душанбе расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ато Ҳамдам, яке аз ду муаллифи ин романи таърихӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, китоб аз сӯи Равшани Темуриён, муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик ва Юсуф Амирӣ, сарпарасти Бунёди эронпажӯҳии Суҳравардии шаҳри Монреали Канада аз сириллик ба форсӣ баргардон шудааст.

“Ин заҳмати қариб дусолаи ин ду нафар аст, ки дирӯз ду нусхаи он ба дастам расид. Намедонам ба чӣ теъдод нашр шудааст, аммо як кори хеле хуб барои муаррифии ин фарзанди ҷасур ва қаҳрамони воқеии таърихи мо дар миёни форсизабонон шуд”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Консули Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирон китоб навишт

Романи “Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак” бори аввал соли 2006 ба забони русӣ ва бори дуввум соли 2010 ба забони тоҷикӣ дар Душанбе нашр шудааст.

Ато Ҳамдам, нависанда, рӯзноманигор, драматург, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва яке аз шахсиятҳои хушноми таърихи Тоҷикистон аст, ки як замон вазири фарҳанг (1992–1995), мушовири калони Президенти Тоҷикистон (1995–2004) ва директори нашриёти "Адиб" (2004–2009) низ буд. Аз соли 1973 то ба имрӯз даҳҳо достону роман ва намоишнома, назири «Хандаи бахт» (1974), "Пеш аз борон" (1992), "Сабақ", "Самар" ва ғайраро ба чоп расондааст.

Муаллифи дуввуми романи “Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак” Леонид Чигрин, нависандаи хушсалиқаи русзабони Тоҷикистон аст, ки ба амри тақдир натавонист нусхаи форсии китобашро бубинад – ӯ  3 сентябри соли равон дар айни гирудори ҷаҳонии “вируси корона” берун аз ватан, дар кишвари Русия аз олам чашм пӯшид.

Аз Леонид Чигрин осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, аз қабили романи “Робинзони тайга” ва детективи “Гӯшанишини ҳарам”. Аммо як теъдоди қобили мулоҳизаи осораш, аз қабили романҳои “Сангари Хатлон”, “Суқути Суғдиёна” ва “Зиндагии Чжан Сан, ё Роҳи бузурги абрешим”-ро дар ҳамдастӣ бо Ато Ҳамдам навиштааст.

“Охирин романе, ки бо ҳам навиштем, “Спитамен” ном дорад. Мо ниятҳои зиёде доштем, аммо умр ба дӯсти ман вафо накард”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Дар миёни осори муштараки Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак” ҷойгоҳи вижае дорад, ба он хотир ки ин қиссаи як шахсияти воқеӣ, аммо ношинохтаи таърихи тоҷикон аст.

Қиссаи Озар

Озар кай ба дунё омад, манобеъи таърихи чизе намегӯянд. Фақат маълум аст, ки ӯ дар давлати Устурушана (қаламрави Истаравшани имрӯз) –и асри якуми пеш аз милод ба дунё омада, ба силоҳсозӣ ва ҷанговарӣ шуҳрат ёфта буд. Пас аз ҳуҷуми чиниҳо ба давлати Даван (Фарғонаи имрӯз) давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла афшини Уструшан нерӯҳои худро барои кӯмак фиристоданд. Озар дар ин ҷанг ширкат кард ва асир афтод. Чиниҳо ӯро бо худ бурда, дар сохтмони Садди бузурги Чин ба кор гумоштанд. Озар аз он ҷо ба марзи Чин фирор ва дар сафи марзбонони чинӣ ба хизмат пардохт.

Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд

Рӯзе гуннҳои биёбони Гоби ба ин посгоҳи марзбонӣ ҳамла оварда, ҳамаи онҳоро мекушанд, аммо Озарро, ки хеле ҷасурона онҳоро яке пайи дигар аз по дармеовард, ба қатл нарасонда, бо худ ба биёбон бурданд.

Паҳлавони суғдӣ ба зудӣ дар миёни гуннҳо маҳбубият пайдо кард, қабл аз ҳама бо ақлу хирад. Роҳи Бузурги Абрешим аз биёбони Гоби мегузашт ва гуннҳо ба корвонҳои тоҷирон ҳамла намуда, онҳоро ғорат мекарданд. Озар ба гуннҳо маслиҳат дод, ки корвонҳоро набояд ғорат кунанд, балки аз онҳо боҷ ситонанд ва ҳам амнияташонро бигиранд, зеро дар акси ҳол онҳо дигар аз ин роҳ намегузаранд ва гуннҳо аз даромади муфт маҳрум мешаванд.

Озар – гладиатори тоҷик, дӯсти Спартак, шаҳрванди Рим ва чеҳраи ношинохтаи таърих

Озар минҳайси фармондеҳи посбонони як корвони тоҷирони юнонӣ роҳии Аврупо шуд, аммо дар Финикия (қаламрави имрӯзи Шарқи наздик – Лубнон, Фаластин, Сурия, Исроил) ба асорати раҳзанон афтод. Ӯро ба бозори бардафурӯшии Рим бурданд, ҷойе, ки ба тасодуф бо Спартаки маъруф дучор омад ва гладиатори бузург ӯро харидорӣ кард.

Он замон Спартак аз Озар мепурсад, ки киву аз куҷост? Озар посух медиҳад, ки аз шаҳри Уструшани Суғд аст. Спартак ҷуғрофиёро хуб намедонист. Озар ба ӯ шарҳ дод, ки Суғд дар ҳамсоягии давлати Форс ҷойгир аст. Он гаҳ Спартак гуфт: “Туро минбаъд “Форс” хоҳем хонд!”

Ҳар сокин соле 5 китоб хонад: Раҳмон гуфт, ин супоришаш қатъисту таҳти назорат

Ҳамин тавр, Озар ба мактаби маъруфи гладиатории Лентул Батиати шаҳри Капуяи Италия афтод ва бо лақаби “Форс” борҳо рӯи Саҳнаи бузурги ҷангҳои гладиатории Рим баромада, ба гладиаторӣ ва ҳам силоҳсозӣ шуҳрат пайдо кард.

Миёни ӯ ва Спартак риштаи дӯстӣ танида шуд ба ҳадде, ки Озар як шамшери махсусеро ба Спартак тӯҳфа намуда, лақаби “Шамшери Спартак” – ро низ камоӣ кард. Ӯ бо иттифоқи Спартак аз мактаби Лентул Батиат фирор намуд ва дар яке аз бузургтарин исёни ғуломон дар таърих – шӯриши Спартак (73 – 71 то милод), ки ҳудуди 70 ҳазор ғуломро дарбар мегирифт, низ ширкат кард.

Пас аз шикасти шӯриш ва қатли Спартак қайсари Рум фармон дод, ки “Форс” – ро зинда назди ӯ оранд. Ӯ ба Озар ва гладиаторони боқимондаи шӯриши Спартак шарт гузошт, ки агар бо иттифоқи Легиони Рим Ҳаллия (имрӯза Фаронса, Шветсария ва Белжик) – ро забт кунанд, ҳар яке мукофоти пулӣ ва озодӣ ба даст хоҳад овард.

Озар дар ин сафари ҷангӣ ширкат намуда, бо пирӯзӣ ба Рим баргашт ва аз дасти Гай Юлий Сезар, императори маъруфи Рим озодӣ ва мукофот гирифт ва расман шаҳрванди Рим, ҳатто бо аксарияти оро дар Сенати Рим нозири аслиҳаи анбори император интихоб шуд.

Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

Ӯ бо як зани римӣ хонадор шуда, дар синни 82 – солагӣ, тақрибан як сол қабл аз мавлуди паёмбар Исои Масеҳ, ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Бино ба манобеъи таърихӣ, ӯро дар қабристони легионерҳо ва гладиатороне, ки дар Саҳнаи бузурги Рим шӯҳрат ёфта буданд, ба хок супурданд ва дар сари қабри ӯ бо ҳуруфи лотинӣ навиштаанд: “Форс”, устои силаҳсоз ва гладиатор. Дӯсти Спартак”.

Паҳлавоне аз манобеъи таърихӣ

Ин сужаи кӯтоҳи романи “Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак” аст, ки зоҳиран, як устурае дар радифи қиссаҳои “Шоҳнома” ва қаҳрамонони асотирие, назири Рустами Дастону Фаридуну Коваи Оҳангар ва Сиёвушро мемонад.

Аммо Ато Ҳамдам мегӯяд, Озар як шахсияти таърихист, ки аз миёни ҳазорҳо асиру ғулом ва гладиатори замони қадим махсус дар манобеъи таърихии Чин, Рим ва Русия сабт шудааст.

“Номи ӯ дар “Тавзеҳоти “Таърихи мардуми Осиёи Миёна” – и шарқшиноси маъруф Николай Бичурин (1777-1853), ки 14 сол дар Чин зиста буд, зикр шудааст. Олими рус дар такя ба манобеъи чинӣ аз як силоҳсози уструшанӣ ба номи Озар ривоят мекунад, ки чӣ гуна дар Фарғона асири чиниҳо шуда, пас аз моҷароҳои зиёди зиндагӣ ба мактаби гладиатории Италия меафтад ва дар шӯриши Спартак ширкат мекунад”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Ба қавли ӯ, ин сатрҳо дар бораи Озари силоҳсоз Ролан Биков, коргардони маъруфи шӯравиву рус (1929-1998) – ро ба ваҷд овард ва ӯ ба ин натиҷа расид, ки як силсилафилмеро дар бораи ӯ дар ҳудудҳои Тоҷикистон, Чин, Юнон ва Италия рӯи навор орад.

Амри президент: китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оила туҳфа шавад

“Ӯ аз бойгоние дар Италия хост, ки дар бораи Озари силоҳсоз аз манобеъи таърихии истифодашуда дар романи «Спартак» (1874) – и Рафаэлло Ҷованоли маълумот ироа кунанд. Дар онҳо воқеан маълумоти кӯтоҳе дар бораи Озари силоҳсоз вуҷуд дорад. Мутаассифона, умр ба коргардони маъруф вафо накард ва натавонист филмашро ба навор гирад. Ману Леонид Чигрин он чиро, ки Биков дошт, бо чашми сар дидему омӯхтем ва тасмим гирифтем, дар бораи Озар романе бинависем”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Озар аз Устурушан дар романи “Спартак” – и Ҷованоли зикр нашудааст. Ато Ҳамдам мегӯяд, итолиёиҳо ба Биков гуфтаанд, ки азбаски Озар танҳо тоҷик ё осиёӣ дар ин шӯриши таърихӣ буд ва аз мардумони мазлуму шӯрида алайҳи Империяи Рим, назири фракиҳо, германҳо, ҳаллҳо ва дигарон намояндагӣ намекард, нависанда ӯро қобили зикр дар асари худ надонистааст.

“Яке аз аҳдофи романи “Спартак” ҳам нишон додани иттиҳоди мардуми Аврупо алайҳи истибдоди Рим аст, ки мо дар он ҷумла набудем”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Ҳангомаи барпонашуда

Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин расо 8 сол ин романро навиштанд ва яке аз интизориҳояшон ин буд, ки чопи он ҳангомаеро дар адабиёти тоҷик барпо хоҳад кард. Воқеан, Озар то он замон як чеҳраи ношинохта дар таърихи халқи тоҷик буд ва кашфи ӯ, бешак, бозёфти муҳим ба шумор мерафт. Аммо чунин нашуд.

Ато Ҳамдам мегӯяд, китоб сарнавиштеро аз сар гузаронд, ки қаҳрамонаш гузаронда буд. Вай афзуд, муаллифон бо ҷуз он ки барои чопи русии он пул пайдо накарданд, аз сӯи бархе курсинишинон ва сарватмандон ҳам накӯҳиш диданд.

“Нашри русии он соли 2006 бо мусоидати марҳум Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадору тоҷири маъруф анҷом шуд. Он кас 1000 доллар кӯмак карданд ва мо тавонистем фақат 500 нусха дар Душанбе ба чоп расонем. Аммо китоб ба зудӣ фурӯхта шуд”, - гуфт Ато Ҳамдам.

Раҳмонзода: пантуркисту, паниронисту панисломистҳо бо тоҷикон мубориза мебурданд

Нашри тоҷикии он низ бо теъдоди 500 нусха соли 2010 аз чоп баромад. Ато Ҳамдам мегӯяд, ин дафъа низ бо вуҷуди монеаҳои сунъӣ аз чопи китоб Маликшоҳ Неъматов, раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Акбар Мирсолеҳов, як нафақахӯр аз ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ пуштибонӣ карданд.

“Барои мо боварнокарданӣ буд, ки кашфи як шахсияти нави таърихи мо, ки бо матонат, ҷавонмардӣ ва инсонияти баланд чӣ гуна вазниниҳои зиндагиро пушти сар кард ва як намунаи тоҷикият барои насли ҷавону ояндаи мо метавонад бошад, ин гуна пазироӣ шуд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, “Озар аз Устурушан ё Шамшери Спартак” баъди солҳо дигарбора ба ҳуруфи форсӣ дар Канада рӯи чопро дид. Ато Ҳамдам мегӯяд, ин китоб мухлисони зиёде дорад, аммо тайи даҳ соли ахир нафаре ё муассисае дигар ҳозир нашуд, ки нашри ҷадиди онро ба зимма гирад ва ӯ фақат умед ба ин мебандад, ки ниҳоят рӯзе паёми ин китоб ба ҷомиа хоҳад расид.