Ҳукумат ва парлумон ба ширкати Акбар Ғуломов сабукиҳои 5-сола доданд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ширкати “Ғаюр”-и соҳибкори шинохтаи кишвар Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов сабукӣ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вакилон имрӯз созишномаи байни Ҳукумат ва ширкати “Ғаюр”-ро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он ширкати мазкур корхонаи тавлиди халтаҳои пропиленӣ сохта, аз сабукҳои андозӣ бархӯрдор хоҳад буд.

Тавсифи Президент аз Ғуломов: Акбар нақшаҳои ояндаашро гуфт

Бар асоси созишнома "Ғаюр” корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 миллион дона халта дар як сол ба маблағи 10 миллион доллар сохта ба истифода диҳад.

Корхонаи мазкурро моҳи равон Акбар Ғуломов дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дод.

Бар асоси  Созишномаи тасдиқкардаи парлумон,  ки муҳлати амали он 5 солро ташкил медиҳад, ширкати “Ғаюр” аз пардохти андоз аз фоида озод гардид.

Инчунин молу таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии созишнома гуфта шуд, ки ин корхона ҳудуди 100 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунад.