Русия ба маблағгузории сохтмони макотиби нав дар Тоҷикистон оғоз бахшид

Русия интиқоли бебозгашти маблағҳоро барои сохтмони мактабҳои миёнаи шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода оғоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Русия ба Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони мактабҳо дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маблағи хайрия ворид намуд.

Маълум шуд, ки Русия кай ба сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад

Созишномаи дахлдорро муовини вазири молияи Федератсияи Русия Тимур Максимов ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи бахши лоиҳавии ФАСР Андрей Широков имзо карданд.

Русия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард

Маълум аст, ки Созишномаи имзошудаи хайрия барои бунёди иншооти таълимӣ дар панҷ шаҳри бузурги Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Маблағгузории бебозгашти сохтмон дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ба нақша гирифта шудааст. Маблағҳо на танҳо барои сохтмон, балки инчунин барои таъминоти моддию техникии муассисаҳои нав равона карда мешаванд.

Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.

Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: равғани офтобпараст

Гуфта мешавад, барои сохтмони мактабҳо 3 миллиону 27 ҳазор доллар ихтисос дода шуда, корҳои сохтмонӣ соли оянда оғоз меёбанд.