Омодагии Тошканд барои ифтитоҳи хатти нави метро - видео

Презденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, хатти метрои Сергелӣ то авохири соли 2020 ифтитоҳ хоҳад шуд
Sputnik

Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонии хатти нави нақлиётӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Рӯз аз рӯз зеботар: Тошканд намои нав мегирад - видео

Дар бораи нақшаи ифтитоҳи хатти метро кишвардор зимни ба баҳрабардорӣ расонидани заводи металлургӣ дар пойтахти кишвар хабар дод.

Дарозии метрои нав 6,9 километрро ташкил медиҳад. Мусофирон метавонанд ба истгоҳҳои "Чоштепа", "Тошканд калга юли", "Сергелӣ", "Афросиёб" ва "Кипчок" расанд.

Дар лаҳзаи оғози хатти қатор истгоҳҳо бо рақамҳо таъин карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки аз 26 декабр то 8:00 санаи 1 январ рафтуо дар хатти нав ройгон хоҳад буд.

Дар видеои пешниҳодшуда хатти нави метро нишон дода шудааст. Шабона хат бо чароғҳои махсус равшан карда мешавад.