Барзгов дар анъанаҳои миллатҳо: 12 акси рамзи соли 2021

Sputnik

Мучал — солшумории дувоздаҳгона, ки аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шудааст.

Соли Бақар: беҳтарин аксҳои рамзи соли 2021

Ба боварии муаррихон тақвими "мучал" бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст.

Бақар (ар.-гов),соли дуюм баъди Муш ва пеш аз Паланг  дар бисёр мамлакатхо - Ҷопон, Чин, Эрон, Афғонистон, давлатҳои араб, Осиёи Миёна пахн шудаанд.

Рамзи соли 2021 ва ё мучали сол - бақар (гов, барзгов) аст. Агар гов барои бархе сокинони сайёра танҳо дар хоҷагӣ истифода шавад, барои бархеи дигар, қаҳрамони фестивалу мусобиқаҳо, ҳатто ҳайвони муқаддас ба ҳисоб меравад.

Гузориши аксии Sputnik Тоҷикистонро дар ин бора аз 12 акси ҷолиб тамошо кунед.

1 / 12
Ҳангоми ҷашнвораи 'Bous a la mar' ё "Bulls to the sea" дар бандари шаҳраки шарқии Денияи Испания барзагов ба баҳр меҷаҳад
2 / 12
Дар ин акс, ки Агентии Синхуаи Чин нашр кардааст, мардуми гурӯҳи этникии Миао дар музофоти Гуйчжоуи Чин барзговҷангро тамошо мекунанд
3 / 12
Коста-Рика, писараке бо иштирокдори фестивали Feast of the Devils (Ҷашнвораи Шайтонҳо), ки либоси барзговро дар бар дорад, бозӣ мекунад
4 / 12
Ҳабашистон, маросими ҷаҳидан аз болои барзгов
5 / 12
Памплон, ҷашнвораиСан-Фермин, ки сабқати давидан бо барзговон аст
6 / 12
Перу, уқобе савори барзгов дар мусобиқаи баррзговҳо
7 / 12
Испания, марде дар сар шох ҳангоми карнавал
8 / 12
Мусобиқаи барзговсаворӣ дар Амрико
9 / 12
Португалия, иштирокдорони ҷашнвора бо ниқобҳои барзговӣ ва сарулибоси анъанавӣ
10 / 12
Мард бо барзгови ғолибомада дар масобиқаи барзговҳо дар Ветнам
11 / 12
Кишоварзон дар Тоиланд ҳангоми давидан бо барзговҳо
12 / 12
Иштирокдлори карнавал дар тан либоси барзгов дар Фаронса