ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино бар иттилои ВКД Тоҷикистон, садама 26-уми декабри соли 2020, тахминан соати 03:25-дақиқа сар зад.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Фолксваген", Аҳмадҷонов Маҳмудҷон Ҳакимҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанок" ба садама дучор шуд.
"Автомашина дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, чаппа шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ҳалокати ноболиғ дар садамаи маргбори шабона дар пеши "Боғи ҳайвонот"-и Душанбе
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Акбаров Аскархон Аълоевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.