Маскави яраққосӣ: чигуна пойтахтро ба Соли нав оро доданд - навор

Дар остонаи Соли нав ва иди Мавлуди Исо кӯча ва нақлиётҳои ҷамъиятиро дар Маскав бо шил-шилаҳои рангоранг, навиштаҷот ва арчаҳо оро доданд
Sputnik

Маскав пурра ба пешвози Соли нав омода аст.

Ба ҷашнҳои дарпешистода дарахтон, хонаҳо, кӯчаҳову дигар иншоотҳои шаҳрро бо оташакҳои рангоранг, арчаҳову бозичаҳои зебо оро доданд.

Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

Байни бархе хонаҳо аллакай чанд муддат аст, ки "осмони пурситора" пайдо шудаанд. Онҳо шилшилаҳои ҷилодиҳанда мебошанд, ки сокинони Маскав онро тамоми сол метавонанд тамошо кунанд. 

Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не

Нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба таҷлили соли нав омодаанд. Чанд вақт пеш электробусҳо ба хатсайр баромаданд, ки бо шил-шилаву оташакаҳо оро дода шудаанд.