Генерал Навҷувонов милисаи сермутолиаи Суғдро қадрдонӣ кард

Капитан Арслонзода Умед сермутолиатарин милиса дар Суғд ва ғолиби озмуни “Китобхони беҳтарин” эълон гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, миёни кормандони милиса дар вилояти Суғд озмуни “Китобхони беҳтарин” таҳти шиори “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шуд.

Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

Манбаъ афзуд, аз миёни 11 нафар, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, командири взводи хадамоти посбонӣ-пайроҳадории ШВКД дар шаҳри Бӯстон капитан Арслонзода Умед Ботирҷон ҷои аввал гирифт.

“Зинаи дуюмро нозири гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори оперативии иттилоотии Раёсати мазкур лейтенанти калони милитсия Абдуқаҳорзода Зарнигор Абдуқаҳор ва мақоми сеюми ифтихориро ёрдамчии сардор оиди ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Конибодом майори милится Ҷӯраев Раҳим Самадович соҳиб шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Генерал-майор Навҷувонов Абдулло Шанбиевич дар маросими қадрдонии ғолибони озмун пешниҳод кард, ки минбаъд озмуни “Китобхони беҳтарин” дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳар семоҳ гузаронида шавад.