ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2020-ро эълон мекунад

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, шоми имрӯз беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2020 эълон хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, шоми имрӯз ғолибони ҷоизаҳои инфиродии футболи тоҷик дар соли 2020 эълон мегарданд.

“Соати расо 20:00 тариқи телевизиони “Варзиш” маросими ҷоизасупории ФФТ оғоз мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

ФФТ тавзеҳ додааст, ки ба далоили марбути коронавирус маросими супоридани ҷоизаҳо бидуни ҳузури меҳмонон анҷом меёбад.

“Қайд менамоем, ки бинобар пандемияи COVID-19 маросими ҷоизасупории ФФТ дар шакли телевизионӣ бе ҳузури меҳмонон баргузор мегардад”, - таъкид намудаст ФФТ.

Ҳамасола дар Тоҷикистон беҳтаринҳои футбол, аз бозигар то мураббӣ эълон ва бо ҷоиза қадрдонӣ мешаванд. Имсол коронавирус ба барномаҳои варзишии Тоҷикистон низ чун ба дигар бахшҳо таъсир расонда, бархе чорабиниҳо лағв ва бархеи дигари бидуни ҳузури меҳмонон баргузор гардиданд.