Тибқи иттилои ФФТ, ин дуюмин сабқати дӯстона буд, ки бо пирӯзии тими меҳмону мағлубияти мизбон анҷом ёфт.
Қувваозмоии наврасони футболбози Тоҷикистону Эрон бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Голи ягонаи бозиро Амир Иброҳимзода дар дақиқаи 29-уми сабқат ба ҳадаф расонд.
Бозии аввали дӯстонаи ин ду тим бо ҳисоби 1:4 ба фоидаи наврасони эронӣ анҷом ёфта буд.
Ин бохт дар ҳолест, ки футболбозони то 19-солаи тоҷик дар бозии аввали дӯстона ба ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Голҳоро Алӣ Субҳонӣ, Абдулмумин Забиров ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонидаанд. Бозии дуюми футболбозони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон имрӯз дар майдони марказии Душанбе баргузор мешавад.