Истиқболи гарми ғолиби озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." дар Хоруғ

Шарифамоҳ дар гурӯҳи англисӣ таҳсил мекунад, аммо бо забони тоҷикӣ хеле равону озод суҳбат мекунаду аз осори шоирону нависандагони классикию муосири тоҷик садҳо асар мутолиа кардаву соатҳо метавонад дар бораашон қисса кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хонандаи Литсеи Оқохони шаҳри Хоруғ Шарифамоҳ Одинамаҳмадова дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", дар номинатсияи осори адибони ҷаҳон ғолиби ҷойи сеюм ва диплому ифтихорномаву мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ  гардид.

Хонандагону омӯзгорони литсей Шарифамоҳро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Барои омӯзгорони Литсей чунин дастоварди шогирдашон боиси ифтихор аст.

"Пирӯзии Шарифамоҳ -  ин ифтихори кулли  омӯзгорону хонандагони Литсеи мо ва албатта,  волидонашон аст. Ман умедворам, ки пас аз ин сафи дӯстдорони китоб, илму фарҳанг дар муассисаи мо бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт", - гуфт, директори литсей Давлатназар Худоназаров зимни табрикот.

Мулоқоти Шарифамоҳ бо ҳамсабақонаш  дар китобхонаи ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. 

Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

Хонандаи ҳамин муассисаи таълимӣ Муқаддаси Мухтор гуфт, ки "11 сол  бо Шарифамоҳ дар як синф таҳсил мекунад ва ӯ дар баробари ҳамсинфи хуб будан ҳамчунин дугонаи содиқу вафодор низ аст. Дар ғаму шодии ҳамсинфонаш мудом шарик аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ бароямон  кумак мерасонаду ҳам дилбардорӣ мекунад. Ҳарчанде ки дар гурӯҳи англисӣ таҳсил мекунад, аммо бо забони тоҷикӣ хеле равону озод суҳбат мекунад ва аз осори шоирону нависандагони классикию муосири тоҷик садҳо асар мутолиа кардаву соатҳо метавонад дар бораашон қисса кунад".

"Сахт зид буданд": Аскар Ҳаким гуфт, чигуна роҳи Раъноро аз Суғд то Душанбе боз кард

Шарифамоҳ Одинамамадова гуфт, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тасмим гирифтааст, ки таҳсили худро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико идома диҳад.

Ёдовар мешавем, ки 5 феврали соли равон  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба имзо расид. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин озмун аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз якуним миллион сомонӣ ҷудо шуд. Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.