Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо пас аз муддати тӯлонӣ оид ба Brexit шартномаи тиҷорӣ бастанд.
Созишнома муносибатҳои тарафҳоро дар соҳаи тиҷорат, нақлиёт, энергетика ва дигар самтҳо муайян мекунад.
Аврупо "вазорати дурӯғ" алайҳи Русия месозад
Ҳуҷҷат, ки аз дуҳазор саҳифа иборат аст, аз 1 январ эътибор пайдо мекунад.
Аммо пеш аз ҳама, он бояд аз ҷониби парламентҳои Бритониёи Кабир ва ИА тасдиқ карда шавад.
Вашингтон тасмим гирифтаст Аврупоро ҷазо диҳад
Соли 2016 Бритониё дар бораи хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ баргузор кард. Аксари бритониёиҳо ба тарафдории ба ном Brexit овоз доданд. Дар тӯли якчанд сол ҷонибҳо кӯшиш карданд, ки дар бораи шартҳои "талоқ" ба тавофуқ оянд.