Харобиовартарин офатҳои табиии соли 2020 - 24 акси тасхиркунанда

Sputnik

Соли рафтаистода, дар сайёра офатҳои зиёди табиӣ - сӯхтори ҷангалҳо, заминларзаҳои азим, хуруҷи вулқонҳо ва обхезиҳо ба амал омад.

Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард

Аксҳои тасхиркунандаи офатҳои табииро дар гузориши Sputnik Тоҷикистон бубинед.

Ҳар сол офатҳои табиӣ ба инсоният зарари азим меоранд, ҳазорон нафар ҳалок мешаванд, миллионҳо нафар азизони худро аз даст медиҳанд ва ва бидуни сарпаноҳҳо мемонанд.

Дар тӯли 20 сол аз офатҳои табиӣ беш аз як миллион нафар фавтидааст ва ба ин ё он шакл тақрибан чаҳор миллиард нафарро фаро гирифтааст.

Зарари иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ ба 3 триллион доллар расид.

Дар ду даҳсолаи охир, бино ба гузориши Дафтари коҳиши хатари офатҳои табиӣ, шумораи ҳаводиси шадиди обу ҳаво ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Сабаби асосии инро олимон ба гармшавии глобалӣ ва номутаносибии экологӣ рабт медиҳанд.

1 / 24
Сӯхторхомӯшкун ҳангоми хомӯш кардани оташ дар ҷамоати Силверадо дар Калифорния аз назди дарахти фурӯзон мегузарад.
2 / 24
Марде пас аз обхезӣ дар Белу-Оризонти Бразилия ифлосиро аз мағоза тоза мекунад
3 / 24
Харобии обхезӣ дар Сен-Мартин-Весуби минтақаи Алп-Маритси Фаронса
4 / 24
Мард дар соҳили обхези Сванаҷ, Бритониё
5 / 24
Оқибатҳои заминларза дар Загреби Хорватия
6 / 24
Коалае, ки дар сӯхтори ҷангалӣ дар Австралия маҷрӯҳ шуд, дар беморхонаи саҳроии муваққатӣ дар Парки ҷазираи Кенгуру табобат мегирад
7 / 24
Хомӯш кардани сӯхторҳои ҷангалӣ дар Бразилия
8 / 24
Тӯфони Глория 21 январи соли 2020 соҳили шарқии Испанияро фаро гирифт
9 / 24
Шаҳри императории Ҳюро обхезиҳо фаро гирифт, ки бар асари боришоти шадид дар маркази Ветнам ба амал омада буданд
10 / 24
Зане, ки дар тан либоси дарида дар майдони зериобмондаи Муқаддаси Марк дар Венетсия, Италия
11 / 24
Коргарон лавҳаи таблиғиро ба пешвози тӯфони Вонгфонг, Филиппин паҳн мекунанд.
12 / 24
Хурӯши вулқони стратови Левотоло дар Индонезия
13 / 24
Тӯфони "Молаве" дар Филиппин роҳро зери об гузошт
14 / 24
Мардум партовҳои тӯфони Иота дар Билви, Никарагуаро сӯзонданд
15 / 24
Хонае, ки ҳангоми тӯфони "Саллӣ" дар ИМА хароб шуд
16 / 24
Наҷотбахшони Туркия пас аз зилзилаи Измир як кӯдакро аз вайронаҳо берун оварданд
17 / 24
Ҷавонон пас аз обхезии шадид дар Чарикори вилояти Парвони Афғонистон боқимондаи ашёро аз харобаҳои хонаҳо наҷот медиҳанд
18 / 24
Таркиши вулқони Пакая дар Гватемала
19 / 24
Оқибатҳои боришоти шадид, обхезиҳои харобиовар ва ярч, дар Ҷопон, ки ҳадди ақалл ҷони 52 нафарро рабуд
20 / 24
Марде обро аз нафт дар соҳили Маврикий тоза мекунад
21 / 24
Оқибатҳои тӯфони тропикии Янош дар Юнон
22 / 24
Оқибатҳои обхезии муссон дар Сунамганҷ, Бангладеш
23 / 24
Наврасон дар кӯчаи обхези Салманияи Судон ҳангоми шино
24 / 24
Оқибатҳои таркиши вулқони Семеру дар ҷазираи Яваи Индонезия