ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Зимни ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор гардид, дастур дода шудааст, ки таҷрибаи дар ошёнаҳои поёнӣ ҷойгир кардани боғчаҳои кӯдакон минбаъд васеъ роҳандозӣ карда шавад.
Рустами Эмомалӣ дар ҷаласа дастур додааст, ки мақомот барои бунёди муассисаҳои томактабӣ бештар соҳибкоронро ҷалб кунанд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, тайи 4 соли гузашта дар Душанбе бунёди 23 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор ҷоий нишаст оғоз гардида, то имрӯз 9 адади он бо 1990 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Манбаъ афзуд, ки инчунин дар чор соли охир 22 муассисаи таълимӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2021, яъне ҷашни 30- солагӣ шумораи муассисаҳои таълимии навбунёд ба 32 адад ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 57 ҳазор дар ду баст расонида мешавад, иттилоъ дод шаҳрдорӣ.