ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бонки марказии Русия ахиран эълом кард, ки коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар 11 моҳу 20 рӯзи ахир як миллиарду 244 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 37 дарсад коҳиш нишон медиҳад.
Аммо ба нақл аз сомонаи “Парстудей”, мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бидуни ишора ба омори 11 моҳу ними ахир эълом кардаанд, ки даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия дар 9 моҳи нахусти имсол танҳо 9 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ин дар ҳоле аст, ки қаблан Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистони гуфта буд, ки дар шаш моҳи нахусти имсол коргарони тоҷик аз Русия ба кишварашон 195 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 коҳиши 14,5 дарсадӣ нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Пайрав Чоршанбиев, коршиноси масоили иқтисодӣ муътақид аст, ки Бонки миллӣ ба ду далел намехоҳад омори воқеии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик дар шароити густариши вируси корона аз Русияро ошкор кунад.
Вай афзуд, ки ошкор шудани ин омор воқеияти вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба манобеи молии ирсолӣ аз хориҷро собит мекунад ва аз сӯи дигар муҷиби эҷоди ноумедӣ дар афкори умумии ин кишвар хоҳад шуд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 700 миллион доллар ирсол карда буданд.