ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Санаи навбатии ба майдон баромадани футболбозони тоҷикистонӣ ва эронӣ маълум шуд.
Бозии навбатии дӯстона байни футболбозони навраси дастаҳои Тоҷикистону Эрон 26 декабр, рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 14:00 баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, дирӯз, 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.
Дар ин сабқат футболбозони навраси тоҷик аз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо ҳисоби 4:1 мағлуб шуданд.
Голҳоро Амир Иброҳимзада, Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадреза Кушки, Ядегар Ростамӣ ба ҳадаф расониданд.
Чаҳор бозӣ: футболбозони Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунанд
Сармураббии бозӣ аз дастаи тоҷикистониён Аҳлиддин Турдиев буд.
Бозии навбатии дӯстонаи дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Эрон 26 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 14:00 баргузор мешавад.