Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар

Дар Душанбе калонтарин иншооти истеҳсолӣ ифтитоҳ шуд, ки ба коркарди санги хорову мармар машғул мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар панҷ соли оянда ҳоҷат ба воридоти ин намуди маҳсулот намемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ шуд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ифтитоҳи се кохонаи нав дар Душанбе: Раҳмон аз соҳибкорони Ватанӣ миннатдорӣ кард

Корхонаи мазкурро ҶДММ "Строй комплекс", як ширкати ватанӣ, ки ба сохтмони иншоот машғул аст, бунёд кардааст.

Дар маросими ба истифода додани корхонаи нав, ки ҳудудан 150 нафарро бо ҷои кор таъмин кардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат кардааст.

Котиботи президент менависад, "барои аз хориҷа ворид кардани маҳсулоти аз сангҳои мармару хоро омодашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як сол зиёда аз 28 миллион доллар хароҷот мешавад".

"Дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо талаботи бозори дохилӣ комилан таъмин карда мешавад", - менависад манбаъ.

Ҳамчунин масъулин нақша доранд, ки ин намуди маҳсулот ба хориҷ содир шавад. Гуфта мешавад, маҳсулоти хоми коркардшавандаи корхона - ватанист.