Посухи тунди Лавров ба таҳримҳо алайҳи Русия - видео

Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров маҳудудиятҳои нави Амрикоро, ки зидди Русия ҷорӣ гардиданд, бо лаҳни тунде тавзеҳ дод
Sputnik

Маскав на танҳо ба таҳримҳои Вашингтон посух медиҳад, балки дар бораи муносибатҳои Амрикову Русия хулосаҳои изофагие мебарорад, изҳор дошт вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров.

Вай гуфтааст, ки Амрико дер боз бо Русия сиёсати бадбинонаро пеш гирифтааст.

Трамп меравад, таҳримот мемонанд: Русия чӣ вокуниш нишон медиҳад - навор

"Ин амалҳои Вашингтонро метавон гуфт, ки хати стратегии Иёлотро муайян мекунад. Онҳо бо ин корашон мехоҳанд рақибони тиҷорияшонро бо роҳҳои ғайри қобили қабул заиф кунанд. Ин корашон нақзи дурушти меъёрҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тиҷорӣ мебошад", - гуфтааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА ошкоро меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нодида мегирад. 

"Вақте ки шарикони аврупоии мо доимо ба зарурати танзими ҷаҳон дар асоси қонунҳо таъкид мекунанд, онҳо бояд дарк кунанд, ки чигуна бозӣ мекунанд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ин дар охир зидди ҳама гуна кишвари ҷаҳон метавонад анҷом ёбад", - гуфт вазир.

Чаро Иёлоти Муттаҳида аз иттифоқи низомии Русия ва Туркия метарсад: видео

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Ҳудуди 45 ширкат ва ташкилоте, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия алоқаманданд, ба рӯйхати таҳримот ворид шуданд. Ба ин феҳраст Вазорати мудофиа ва дигар ширкатҳои бузург шомил аст.

Маҳдудиятҳо ба Чин низ рабт доранд. Дар маҷмӯъ 103 ташкилот ба рӯйхати таҳримҳо шомил карда шуданд.