Бидуни фавт: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон эълон шуд

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 35 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд.

Маълум шуд, ки кадом беморонро пас аз коронавирус бояд дар беморхона нигоҳ дошт

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13 ҳазору 106 нафар баробар гардидааст.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 578 (95,9%) нафар баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд", - менависад Вазорати тандурустӣ.

Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.