Локдауни сартосарӣ: дар Бритониё чӣ мегузарад?

Sputnik

Дар Бритониё, шакли нави сироятии коронавирус муайян карда шуд, ки дар робита ба он мақомоти беш аз бист кишвар қарор доданд, ки робитаҳои нақлиётиро бо ин кишвар бастанд.

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Дар ин замина, дар худи Британияи Кабир, Мавлуди Исо воқеан бекор карда шуд!

Сар аз  20 декабр дар як қатор минтақаҳо маҳдудиятҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ карда шуданд.

Дар асл, дар кишвар маҳдудиятҳои сартосарии шадид ҷорӣ карда, ки он норозигии сокинонро ба миён низ овард

Қаблан Крис Уиттӣ, сардухтури Англия, эълон кард, ки дар Бритониё як шакли нави коронавирус муайян карда шудааст, ки нисбат ба вирусҳои ошкоршуда дар Вуҳан "зудтар паҳн шавад".

Ба гуфтаи олимон, мутатсия ё худ шакли нави коронавируси ошкоршуда дар Бритониё нисбат ба намуди аввали ин вирус 70 дарсад сироятёбандатар аст.

Аммо, то ҳол ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки навъи нави коронавирус боиси марги бештар ё раванди шадиди беморӣ гардад.

Намуди нави COVID аллакай дар дигар кишварҳо - Италия ва Австралия пайдо шудааст.

Дар Британияи Кабир бо сабаби паҳншавии мутатсияи нави коронавирус маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда мешаванд.

Аз ин сабаб, сарвазири кишвар Борис Ҷонсонро мардум ба Гринч, ки Мавлуди Исоро “дуздидааст”, муқоиса карданд.

Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

Аммо, бинобар маҳдудиятҳои дарпешистода, бритониҳо кӯшиш карданд, ки Лондонро тарк кунад, ва ин боиси зиёд шудани издиҳом дар фурудгоҳҳо шуд.

1 / 15
Навбат дар назди мағозаи Tesco замони паҳншавии коронавирус ва ҳангоми маҳдудиятҳои шадиди нав дар Лондон,
2 / 15
Ҳаракати мошинҳои боркаш аз паси полис дар Фолкстоуни Бритониё
3 / 15
Арчаи солинавии партофташуда дар кӯчае дар Фулхэм, Лондон, Бритониё
4 / 15
Огоҳии бастани марзи Фаронса дар даромадгоҳи бандари Дувр Кент дар ҷанубу шарқи Англия
5 / 15
Моҳигирон заврақҳои худро дар Бридлингтон Харбор дар шимоли шарқи Англия тарк мекунанд
6 / 15
Мардон бо либоси солинавӣ беморонро дар беморхонаи кӯдакон дар Лидс, Англия рӯҳбаланд мекунанд
7 / 15
Мошинҳои боркаш дар назди бандари Довери Англия меистанд, ки бинобар сабаби коронавирус бастаанд
8 / 15
Нишондиҳандаҳои электронӣ дар истгоҳи St Pancras International дар Лондон, ки парвозҳои ба Амстердам ва Париж бекоршударо нишон медиҳанд
9 / 15
Сайёҳ дар толори баромади Терминали 2-юми Фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон, Бритониё, бо либоси Бобои барфӣ саф оростааст
10 / 15
Сайёҳ бо саг дар Терминали 2-юми фурудгоҳи Хитроуи Лондон, Бритониё
11 / 15
Сайёҳон дар истгоҳи Кингс-Кросс дар Лондон, Бритониё
12 / 15
Қассобе, ки дар паси шиша бо кулоҳи Санта Клауср дар назди як муштарии навбатпой дар мағозае Лондон, Бритониё
13 / 15
Роҳгузарон дар болои пули холии Миллениум дар Лондон, Бритониё
14 / 15
Рафҳои холӣ дар мағозаи Sainsbury дар Лондон, Бритониё
15 / 15
Навбат дар назди мағозаи Tesco дар Лондон, Бритониё