Вазорат мардеро боздошт кард, ки додарашро чанд корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мард хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ додарашро корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, бо ин иттиҳом маъмурини пулис сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Г. Юсуфови ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2020, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, дар назди хонаашон, дар ҳолати мастӣ бо додараш марди 30-солаи сокини ҷамоати мазкур муноқиша намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани додараш бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Ин нахустин ҳолати кордзанӣ аз суи бародар ба бародар набуда, қаблан ин ниҳод аз ҳолатҳои дигар ва ҳатто қатл низ хабар дода буд.