ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Мавсуф ба хабарнигорон гуфт, ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон фақат ҷалби таваҷҷӯҳи ин кишвар ба раванди сулҳи Афғонистон набуд.
“Тоҷикистон ҳамеша аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят мекард. Мо барои табодули назар омадем. Бахусус, сари таҷрибаи сулҳе, ки Тоҷикистон дошт, суҳбат кардем. Тоҷикистон дар тамоми нишастҳои минтақаиву ҷаҳонӣ аз Афғонистон ҳимоят кардааст. Барои мо зарур буд, ки ҷиҳати табодули назар сари таҷрибаи Тоҷикистон ба ин ҷо сафар кунем”, - гуфт Доктор Абдуллоҳ.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи рӯзи гузашта, 21 декабр, бо як ҳайате аз аъзои маҷлисҳои болоиву поёнии парлумони Афғонистон вориди Душанбе шуда, бо Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ кард.
Субҳи имрӯз мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, анҷом гирифт, ки ба қавли худаш, дувуним соат тӯл кашид.
Нигарониҳои Душанбе Доктор Абдуллоҳ гуфт, яке аз нигарониҳои мардум ва мақомоти Тоҷикистон фаъолиятҳои гуруҳҳои террористиест, ки дар хоки Афғонистон ҳастанд ва ҳадафашон ҳам берун аз марз аст.
Вай афзуд, мушкили қочоқи маводи мухаддир нигаронии дигар аст, ки ҳатто тамоми минтақаро дар ташвиш гузоштаву мушкили ҷаҳонӣ ҳам ҳаст.
“Агар Афғонистон ба сулҳ бирасад, ягон гуруҳи террористӣ ё мофиёи маводи мухаддир ба ягон кишвар таҳдид нахоҳад кард. Ин ки дар Афғонистон ҷанг аст, гуруҳҳои террористии мухталиф аз кишварҳои мухталиф ҷойи по пайдо кардаанд. Як шарти сулҳи Афғонистон ҳам ин аст, ки ин гуруҳҳо набояд дар хоки Афғонистон фаъолият кунанд. Мо бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорем, табиист, ки ин кишвар ташвишҳо дорад ва дар суҳбатҳо онҳоро бо мо шарик сохтанд”, - гуфт Доктор Абдуллоҳ.
Аввал Афғонистон...
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, мақомоти зидахли ду кишвар дар тамоси давомдор қарор доранд, ки чӣ тур бо ин хатарҳо муқобила кунанд.
Вай дар робита ба фоҷиаи вулусволии Моймайи Дарвози Афғонистон гуфт, террористоне, ки дар он ҷо 24 нафар аз нерӯҳои амниятиро ба шаҳодат расонданд, дар қадами аввал душманони мардуми Афғонистон мебошанд.
“Дар қадами дуввум, онҳо ба он кишваре, ки мутааллиқ ҳастанд, мехоҳанд таҳдид ироа кунанд. Дар ин робита ниҳодҳои амниятиву дифоъӣ ва марзбонии ду кишвар ҳамеша дар тамосанд, аммо дар охируламр сулҳ дар Афғонистон бистари ҳамаи онҳоро бархоҳад чид”, - гуфт Доктор Абдуллоҳ.
19 ноябри соли равон нерӯҳои Толибон вулусволии Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистонро, ки бо ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, забт намуда, 24 сарбози ҳукуматиро ба ҳалокат расонданд ва дар маркази вулусволӣ байрақи худро афроштаанд.
Пас аз як навори нашршуда аз ин ҳодиса маълум шуд, ки ин гуруҳро як шаҳрванди Тоҷикистон раҳбарӣ мекард ва аксари аъзои он низ шаҳрвандони ин кишваранд.
Аз навор бармеояд, ки чӣ тур ин гуруҳ сарбозони ҳукуматии Афғонистонро бо чӣ бераҳмӣ тирборон мекунанд.
Ин ҳодисаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои сиёсии ду кишвар мавриди интиқоду мазаммат қарор дода, аз ҳукуматҳои ду кишвар хостори рӯи даст гирифтани тадобир шуданд.