Роҳи оҳани Русия барои Тоҷикистон 50% тахфиф пешниҳод кард

Тағйирот ба таруфаҳои боркакшонӣ тариқи роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Русия расман санаи 1 январи соли 2021 ҷорӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik.  Ширкати “РЖД”-и Русия барои интиқоли бор тариқи роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Русия тахфиф ҷори кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкати бузурги Русия.

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Гуфта шудааст, ки тахфифҳои мазкур сар аз санаи 1 яневар соли оянда оғоз ёфта то 31 декабри соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Ҳамин тавр барои интиқоли меваву сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия тавасути қатораҳои рефрижератори ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” (ТЖД) 50 дарсад тахфиф дода шудааст.

Ҳамингуна тахфифҳо ба Ӯзбекистон низ пешниҳод шгудааст.

Ҳамчунин тоҷироне, ки тавасути истгоҳои махсуси сарҳадӣ, ки дар марзи  Қазоқистону Русия ҷойгир шудаанд, бор интиқол медиҳанд 20,4 дарсад тахфиф пешниҳод шудааст.

Бо тамоми феҳристи тахфифҳо метавона дар сомонаи расмии ширкати “РЖД” ошно шуд.