Ҳаммому толори варзишӣ: шаҳрак барои посдорони сулҳи Русия дар Қаробоғ – видео

Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар видеое шаҳраки Қарабоғи Кӯҳиро намоиш дод, ки дар он посдорони сулҳи Русия зиндагӣ хоҳанд кард
Sputnik

Хизматчиёни ҳарбии Русия, ки шартҳои созишномаро дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ назорат мекунанд, метавонанд дар шаҳраки бароҳат бимонанд.

Ба Путин сипос: Раҳмон аз оташбас дар Қаробоғи Кӯҳӣ пазироӣ кард

Он дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Степанакерт ҷойгир аст ва барои 250 нафар пешбинӣ шудааст.

Ҳоло, сохтмони шаҳрак қариб ба поён расида, танҳо анҷоми корҳои ба истифода супурдан боқӣ мондааст.

Барои посдорони сулҳ ҳама шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар навор утоқҳои барҳаво, ки аз хоб, ошхона ва толори варзишии пур аз таҷҳизоти машқ иборатанд, нишон дода шудааст.

"Маҷмӯаи шаҳраки биноҳои истиқоматӣ, хонаи афсарон, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, утоқи хушккунӣ, утоқи либосшӯӣ, истироҳат, марказ ва офис, анбор, ошхона, анбори хӯрокворӣ, ҳуҷра барои нигаҳдории силоҳ, таҷҳизоти муҳандисиро дарбар мегирад" , - гуфт хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Ба биноҳо аллакай мебел ва асбобҳои зарурии рӯзгор оварда шуданд.

Иғвогарӣ намегузарад: чӣ тавр сулҳбонони Русия дар Қарабоғ оташбасро назорат мекунанд

Ғайр аз ин, барои посдорони сулҳ фазои солинавӣ фароҳам оварда шуд - дар баъзе утоқҳо арчаҳои солинавии орододашуда гузошта шудааст.