Бемасъулиятӣ зоҳир намуданд: барканорӣ ва муҷозоти кормандони соҳаи тиб дар Суғд

Барои роҳ додан ба камбудӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои касбӣ нисбати ҳудуди 28 корманди соҳаи тиб ба ҳисоби ду сартабиб ва чаҳор роҳбарони кӯмаки аввалияти санитарию тиббӣ чораи интизомӣ ва пешниҳоди барканор намудан аз мақоми вазифавӣ тадбиқ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дастрасшуда аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар пайи баррасии муроҷиати сокинон, ба ҳисоби сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, 3 табиб ва 2 корманди миёнаи тиб аз вазифа барканор карда шуда, барои паст кардани дараҷаи тахассусии 2 табиби дигар пешниҳод ироа шудааст.

Бозори гарму сарди доруворӣ: аз воридот то сӯзонидани беш аз 83 тон маводи тиббӣ дар Суғд

“Инчунин 20 корманди соҳаи тандурустӣ аз ҷумла 13 табиб, 6 корманди миёнаи тиб ва сартабиби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент, барои бемасъулиятӣ дар иҷрои кори касбӣ муҷозоти интизомӣ тадбиқ шудаанд”, - мегуяд манбаъ.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд сабаби барканории чаҳор роҳбари КАТС дар шаҳру навоҳии Гулистон, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Аштро шарҳ дода гуфтааст, ки аз сабаби дуруст ба роҳ намондани иҷрои Дастурамали муваққатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Дар бораи тавсияҳои пешгирӣ, муоина, назорат ва табобати бемории сироятии навъи каронавируси COVID-19” бо пешниҳоди ин ниҳод аз сӯи Вазорати тандурустӣ аз вазифа озод карда шудаанд.

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 69 нафар сокинон барои расидагӣ ба ҳалли мушкили ҷойдошта ба унвонии Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд муроҷит кардаанд.