Ҳузури 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз истиқрори 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ин ҷангҷӯён, ки аъзои чаҳор гурӯҳи террористӣ ҳастанд, ахиран аз манотиқи Ҷурм ва Вардӯч ба ноҳияи Дарвоз дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ва бо Толибон ҳамкории наздике доранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қатли як журналисти дигар дар Афғонистон: ӯро бо ронандааш паронданд

Тибқи иттилои манбаъ, Ахтар Муҳаммад Хайрзода аз гурӯҳҳои Ҷамоъоти Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Иморати исломии Қафқоз ба унвони муттаҳидони Толибон ёд кардааст, ки дар наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон мустақар шудаанд.

Мақомоти амнияти Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоде аз атбои ин кишвар аъзои гурӯҳи Ансоруллоҳ ҳастанд ва давлати Душанбе бо тарафи Афғонистон дар заминаи расад ё худ назораи фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳамкории наздике доранд.

Коршиносон таҷаммуъи ин ҷангҷӯён дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро барои амнияти Тоҷикистон хатарнок медонанд.