Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 5 медал ба даст оварданд

Чор варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Маскав дар ду ришта - самбо ва ҳунарҳои размӣ панҷ ҷоиза ба даст оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” тайи рӯзҳои 18 ва 19-уми декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии пойтахти Русия баргузор гашт.

Варзишкори тоҷик дар Маскав медали биринҷӣ гирифт

Тибқиттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ - дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Се медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ, Муҳиддин Муҳиддинов ва Осмонбег Қуқаниев ба даст оварданд.

Ба барномаи чемпионати анъанавии байналмилалӣ мусобиқаҳои самбои варзишӣ байни мардон ва занон ва самбои муҳорибӣ байни мардон дохил карда шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур мунтахаби Русия миёни занону мардон бо ба даст овардани 42 медал (22 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт.

Паҳлавонони тоҷик ба Маскав сафар мекунанд

Зинаи дуввуми мусобиқаро дар сабқати мардон Ӯзбекистон ва мавқеи сеюмро бошад варзишгарони Қирғизистон ва миёни занон бошад, Руминия ва Белорус соҳиб гаштанд.

Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ  ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо — Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) — бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.