ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Илҳом Султонӣ, директори мактаби № 23-и Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт давоми ду соате, ки онҳо шабона мағоза ва марказҳои компутериро назорат мекарданд, мавридҳои ба савдогарӣ машғул шудани ноболиғон мушоҳида шудааст.
“Мо асосан то соати 21-и шаб мағозаҳо, марказҳои компутерӣ ва клубҳои шабонаи воқеъ дар маҳаллаҳои 19 ва 18-ро аз назар гузаронидем. Дида мешуд, ки баъзе ноболиғон ба савдои кӯчагӣ аз ҷумла ба фурӯхтани ҷуворимакка ва картошказирбон машғул буданд. Маълум, ки баъзе волидон, фарзандонашонро назорат намекунанд”,-иброз намуд директори мактаб.
Илҳом Султонӣ афзуд, ҳоло аз ҳисоби директорони макотиб ва ҷонишинони онҳо оид ба масоили тарбия иттиҳодияе ташкил шудааст ва дар маҳаллаҳои Хуҷанд барои беҳтар намудани вазъи тарбияи наврасон ба гузаронидани чунин рейдҳо машғул хоҳад шуд.
Ҳадафи ин иттиҳодия беҳтар намудани вазъи тарбия миёни ноболиғон гуфта мешавад.
Тибқи муқаррароти қонуни Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, гаштугузори ноболиғон дар фасли зимистон баъд аз соати 20 ва дар фасли баҳор аз соати баъд аз 22-и шаб манъ аст.
Дар ҳоли ҷой доштани чунин ҳолатҳо нисбати волидони ноболиғон бар тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурӣ санади ҷаримавӣ татбиқ карда мешавад. Ин моддаи қонун ё огоҳӣ ва ё ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 174 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад.
Масъулони иттиҳодияи директорони макотиб дар Хуҷанд гуфтанд, ки як дафъа волидонро аз шабгардии фарзандони ноболиғашон огоҳ мекуанд, дар сурати такрори ин ҳолат татбиқи ҷарима ногузир хоҳад буд.
Масъулони комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар аз парҳези кору заҳмати сангини атфол таъкид варзида, мегӯянд, ки бояд шароити мусоид аз сӯи волидон барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам шавад.
Аммо иддае аз ҷомеашиносон мегӯянд, адами шароити иқтисоди хонаводагӣ, худи наврасонро водор ба он месозад, ки ба корҳои сахти ҷисмонӣ дар бозору саҳро машғул шуда, аз ин ҳисоб ба буҷҷаи хонавода кумак расонанд.
РВКД дар вилояти Суғд, иттилоъ медиҳад, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нисбати 1837 волидон бо дастрасии моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парванда боз шуда, дар 948 ҳолат ҷарима тадбиқ шуда, 749 нафар огоҳӣ гирифта, 136 парвандаи дигар дар баррасии судҳо қарор дорад.
Иттиҳодияи директорони макотиб дар умури тарбия дар Хуҷанд аз волидон даъват мекунад, ки нисбати назорати фарзандонашон бепарво набошанд.