Расонаҳо: таксӣ таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон се нафарро дар истгоҳ зер кард

Дар Тюмен мошини таксие, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ба самти истгоҳ ҳаракат карда, одамонро зер кардааст. Дар натиҷа се нафар, аз ҷумла як духтари ноболиғ ҷароҳат бардоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар Тюмен, дар натиҷаи садама, се нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Тюмен.

Ҳалокати ду марди солхӯрда дар пайи афтидани “Нексӣ” аз болои пул

Ба иттилои манбаъ, таксӣ ба сӯи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ  дар хиёбони Московский ҳаракат кардаст, ки дар натиҷа се нафар ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла ду нафар ҷабрдида ба муассисаи тиббӣ фиристода шуданд.

Ронандаи таксӣ, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон будааст.

"Як духтари чордаҳсола ва як марди 36-сола барои кӯмак ба бемористон интиқол дода шуданд. Шояд ҷароҳати пои онҳо ҷиддӣ набошад. Марди дигар,  соли таваллудаш 1969  дар ҷои ҳодиса кумаки тиббӣ гирифтааст", - гуфтанд намояндагони пулиси роҳ.

Намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аллакай сабабҳои пешакии ин садамаро эълон карданд.

Баҳром Азаматов дар пайи рухдоди садамаи нақлиётӣ аз сафи БДА - и Суғд хориҷ шудааст

Маъмурини роҳ мегӯянд, ронанда қоидаҳои тағйири хатти ҳаракатро вайрон кардааст. Зани мусофире, ки он замон дар дохили мошин будаст, изҳор доштааст, ки ронандаи мусофирбар қоидаҳои ҳаракатро вайрон кард.

Инчунин маълум шудааст, ки ин ронанда қаблан низ барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Омори қаблан нашршуда дар бораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мусофирбарҳо нишон медиҳад, ки қисми зиёди ин садамаҳо бо иштироки муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ сурат мегиранд.