Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Манбаъ афзуд, аз 30 апрел то 20 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12 ҳазору 960 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки давоми шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 413 нафар расидааст, ки баробари 95,8%-и шумораи умумии гирифторшудаҳо мебошад.

Таъкид шудааст, ки бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.