“Мерседес”-и 60 ҳазордоллариро бо 10 ҳазор доллар гирифтаст: шикоят аз қаллобӣ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин дар шаҳри Душанбе хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино  марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия аз қаллобии як нафар шикоят кардааст.

Боздошти сокини Ҳисор барои фиреби соҳибкори туркӣ

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 20-уми августи соли 2020, марди 39-солаи дигар, сокини ноҳияи Сино бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-С-класс”-ро гирифтааст.

Зикр шудааст, ки мард мошинро 60 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва 10 ҳазор долларашро дода, ваъда додааст, ки дар муддати муайян маблағи боқимондаро низ бармегардонад.

Фурӯшанда шикоят кардааст, ки мард мошинро бо 10 ҳазор доллар гирифта, маблағи боқимондаро то ҳол набаргардондааст.

ВУД изҳор дошт, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.