Помпео Русияро душмани ИМА номиду Чинро хатарноктар

Одатан, мансабдорони амрикоӣ Русияро рақиб меноманд, на душман. Худи Помпео дар аввали ҳафта ҳангоми суханронӣ дар бораи муносибати Вашингтон ба Маскав ибораи "чолиши воқеӣ", -ро истифода бурд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки Русия дар рӯйхати душманони Амрико қарор дорад, менависад РИА Новости.

"Аз ман ҳамеша мепурсанд, ки душмани мо кист ва ҷавобаш чунин аст: бисёре ҳастанд, ки мехоҳанд тарзи зиндагии мо, ҷумҳурии мо, принсипҳои асосии демократиро вайрон кунанд. Русия бешубҳа дар ин рӯйхат аст",- гуфт Помпео дар мусоҳиба бо радиои шоу Марк Левин.

Одатан, мансабдорони амрикоӣ Русияро рақиб меноманд, на душман. Худи Помпео дар аввали ҳафта ҳангоми суханронӣ дар бораи муносибати Вашингтон ба Маскав ибораи "чолиши воқеӣ", -ро истифода бурд.

Котиби давлатӣ гузоришҳоеро ёдовар шуд, ки дар ВАО-и Амрико пайдо шуданд, ки гӯё Русия дар ҳамлаҳои киберӣ даст дорад.

Русия айбдоркуниҳои ИМА - ро дар ҳамлаи киберӣ ба Вазорати молия бепоя хонд

Вай инчунин гуфт, ки роҳбарияти Русия "барои онҳое, ки озодиро дӯст медоранд, хатари воқеӣ аст". Ҳамзамон, Помпео илова кард, ки намехоҳад хатари Русияро кам нишон диҳад, аммо вай Чинро таҳдиди муҳимтаре, "вуҷудӣ"  ИМА мешуморад.

Қаблан Рейтер бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки як гурӯҳи хакерҳо бо дастгирии ҳукумати хориҷӣ муваффақ шудаанд, ки ба системаи хазинадории ИМА ва Идораи миллии телекоммуникатсия ва иттилоот дастрасӣ пайдо кунанд ва маълумоти онҳоро дузданд.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки Вазорати амнияти дохилии ИМА низ гумон аст мавриди ҳамалоти хакерӣ қарор гирифтаву шикаста шуда бошад.

Гуфта мешавад, миқёси рахна ба дараҷае шадид буд, ки тибқи иттилои як манбаъ рӯзи шанбе ҷаласаи Шӯрои Амнияти Миллии ИМА баргузор шуд.

Тавре рӯзномаи The Washington Post бо истинод ба манбаъҳо навиштааст, ҳакерҳои Русия ба даст доштан дар ин кор айбдор карда мешаванд, аммо дар ин паём ягон далел оварда нашудааст.

Сафорати Русия дар Иёлоти Муттаҳида иттиҳомоти расонаҳои амрикоиро нисбати Маскав беасос номидааст.

"Мо нармдилу беозорем”: посухи тунди Путин ба иқдоми НАТО ва Ғарб

Котиби матбуоти президент Дмитрий Песков зимни шарҳи хабарҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Вазорати молия гуфт, ки Русия ба он ҳеҷ рабте надорад.