Генерал Раҳимзода аз ағбаи душворгузари Тиюн боздид кард

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз минтақаи душворгузари роҳи Ховалинг – Шугнов дидан кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, имрӯз  генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари хизматӣ ба ноҳияи Ховалинг аз шоҳроҳи Ховалинг-Шугнов ва мавзеи аз ҳама душвори роҳ -  ағбаи Тиюн боздид намуд.

Мувофиқаи дуҷониба: Чин мутахассисонашро ҳар чӣ зуд ба Тоҷикистон мефиристад

“Зимни боздид маълум гардид, ки роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шугнов ва ағбаи мазкур кушода буда, корҳои роҳтозакунӣ аз барф аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия идома дорад”, - омадааст дар иттилои ВУД.

Манбаъ афзуд, ки идораи нигоҳдории роҳ бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

ВУД таъкид намуд, ки барои ҳаракати мусофирон дар фасли зимистон ба воситаи ин роҳҳо ягон мушкилӣ вуҷуд надошта, онҳо метавонанд бемамоният рафтуомад намоянд.

Ин ниҳод зикр намудааст, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.