Чаҳор бозӣ: футболбозони Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Тибқи барнома тимҳои миллии ҷавонону наврасон Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Роҳбари кумитаи ҷавонони федератсияи футбол аз баргузории чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ барои тимҳои ҷавонон ва наврасон дар Тоҷикистон хабар дод, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

Бино бар иттилои манбаъ, раҳбари комитети ҷавонони федератсияи футболи Эрон Миршоди Моҷдӣ бо баёни  ин мавзӯъ изҳор дошт

"Хушбахтона барномаи сафари тимҳои миллии наврасону ҷавонон ба Тоҷикистон қатъӣ шуд ва дар як урдуи муштараки бисёр муфид чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ дар пеш хоҳем дошт", - изҳор доштааст вай.

 Тибқи барнома тимҳои миллии ҷавонону наврасони Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Тими миллии наврасон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе ба масофи тими миллии наврасони Тоҷикистон мераваду тими миллии ҷавонон рӯзҳои чаҳорум ва ҳафтуми январ баробари тими миллии ҷавонони ин кишвар қарор мегирад.

Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

Маҳдудиятҳои ношӣ аз шуюъи корона мушкилот ва мавонеъи зиёде барои омодасозии тимҳо эҷод карда, аммо федератсияи футболи Эрон бо вуҷуди тамомии мушкилот аз ин ду тим ҳимоят мекунаду урдуҳо ҳамчунин мусобиқоти мавриди назарро тибқи барнома дунбол мекунем. Кори фаннии ҳар ду тим талоши зиёде доштанд.